ИНСТИТУТИ ЗИРОАТКОРИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

Маълумоти умумӣ

Институти зироаткории академияи илмҳои кишоварзии тоҷикистон

Соли 1932 дар назди Комиссариати Халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба заминсозӣ Стансияи давлатии селексионию лалмикории Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 1934 бошад, ба ҳайати Стансия Нуқтаи такягоҳи махсусгардонидашуда дар собиқ ноҳияи Панҷакат ташкил карда шуд.

Бо мақсади таҳқиқу омӯзиш ва муайян намудани шароитҳои иқлимӣ ва парвариши муносиби зироатҳо, инчунин дигар масоили марбут ба кишоварзӣ соли 1942 нуқтаҳои такягоҳии Ғарм, Шӯрообод, Ишкошим ва Ӯротеппа таъсис дода шуда, ба ҳайати Стансия шомил гардонида шуданд. Сипас, бо тақозои ҳаёти ҷомеа, вазъи зироатпарварӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ соли 1937 дар асоси Қарори Шӯрои Комиссариати Халқӣ Стансияи давлатии селексионии Тоҷикистон ба Стансияи давлатии селексионию таҷрибавӣ табдил дода шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

PRESIDENT.TJ

__________________________________________________________________________________________________________________________________________________

Маъмурияти институти зироаткорӣ

Коллективи кормандони институт таҳти роҳбарии номзади илмҳои кишоварзӣ Саидзода Раҳмон Фатҳулло ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ чораҳои мушаххас андешида, барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузургӣ илмӣ ва комёбиҳои беназир дар рушди соҳаи илми кишоварзии мамлакат софдилона ва содиқона фаъолият намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои асосии таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Тоирзода Қосим Тоир муовини директор оид ба истеҳсолот

Пӯлотова Шаҳодат Сайфуллоевна

номзади илмҳои кишоварзӣ

Нодилшоева Фарима Лифаевна, котиби илмӣ