ИНСТИТУТИ ЗИРОАТКОРИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

Маълумоти умумӣ

Институти зироаткории академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Соли 1932 дар назди Комиссариати Халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба заминсозӣ Стансияи давлатии селексионию лалмикории Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 1934 бошад, ба ҳайати Стансия Нуқтаи такягоҳи махсусгардонидашуда дар собиқ ноҳияи Панҷакат ташкил карда шуд.

Бо мақсади таҳқиқу омӯзиш ва муайян намудани шароитҳои иқлимӣ ва парвариши муносиби зироатҳо, инчунин дигар масоили марбут ба кишоварзӣ соли 1942 нуқтаҳои такягоҳии Ғарм, Шӯрообод, Ишкошим ва Ӯротеппа таъсис дода шуда, ба ҳайати Стансия шомил гардонида шуданд. Сипас, бо тақозои ҳаёти ҷомеа, вазъи зироатпарварӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ соли 1937 дар асоси Қарори Шӯрои Комиссариати Халқӣ Стансияи давлатии селексионии Тоҷикистон ба Стансияи давлатии селексионию таҷрибавӣ табдил дода шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

PRESIDENT.TJ

___________________________________________________________________________________________________________________________________________________

Қарорҳо оид ба 6D.КОА-064

Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2022 дар назди Институти зироаткории АИКТ Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-064 оид ба ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ ва доктори PhD аз рӯйи ихтисосҳои (06.01.05 – Селексия ва тухмипарварии растаниҳои кишоварзӣ ва (03.02.13 – Хокшиносӣ) ба фаъолият оғоз намуд.

Ҳайати Шӯрои диссертатсионии Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Асозода Нуралӣ Маҳмадулло доктори илмҳои кишоварзӣ, рамзи ихтисос “03.02.13” (Раиси Шӯрои диссертатсионӣ)

Нарзулоев Тош Садулоевич доктори илмҳои кишоварзӣ, рамзи ихтисос “03.02.13” (Муовини раиси Шӯрои диссертатсионӣ)

Пӯлотова Шаҳодат Сайфуллоевна номзади илмҳои кишоварзӣ, рамзи ихтисос “03.02.13” (Котиби илмии Шӯрои диссертатсионӣ)

Абдураҳмонов Нуритдин Атокузиевич доктори илмҳои биологӣ, рамзи ихтисос “06.01.05”

Аҳмадов Ҳукуматулло Маҳмудович доктори илмҳои кишоварзӣ, рамзи ихтисос “03.02.13”

Бухориев Толибек Аҳмадович доктори илмҳои кишоварзӣ, рамзи ихтисос “06.01.05”

Назиров Ҳикматулло Нуруллоевич доктори илмҳои кишоварзӣ, рамзи ихтисос “06.01.05”

Саидзода Саидҷамол Тоҷидин доктори илмҳои кишоварзӣ, рамзи ихтисос “06.01.05”

Саидзода Раҳмон Фатҳулло номзади илмҳои кишоварзӣ, рамзи ихтисос “06.01.05”

Султонова Мавҷуда Ҳасановна доктори илмҳои кишоварзӣ, рамзи ихтисос “03.02.13”

Хоҷаев Шариф Идиевич номзади и илмҳои кишоварзӣ, рамзи ихтисос “03.02.13”

Эълони ҳимояҳо